Skip to content
Lyric
Dive
Public playlists
My playlists
Search
Sign in
Muhabbati Tu
Nigina Amonkulova
Popularity · Low
+
🇹🇯 Tajik · Original
0
0
YouTube
Searching YouTube...
Lyrics
Original
Translation
Bilingual
Маро мухаббати ту кушт,
Манам асири он нигоҳ.
Магу, магу сухан дурушт!
Магу, ки ошиқӣ гуноҳ!
Пасаз ҳазор солаҳо, туро чу дурр бикофтам,
Чу ишқи худ биёфтам, ба суи ту шитофтам.
Маро мухаббати ту кушт,
Манам асири он нигоҳ.
Магу, магу сухан дурушт!
Магу, ки ошиқӣ гуноҳ!
Зиёди, ёди, ёдҳо туро биҷустам ман кунун,
Забонам мезанад басе, ба дил ғами ту андарун.
Чи созам аз ғамат дигар, ниҳоли ишқ бесамар.
Чи созам аз ғамат дигар, ниҳоли ишқ бесамар.
Бимонда доғу-сӯзҳо, зи ман ту гашта бехабар.
Маро мухаббати ту кушт,
Манам асири он нигоҳ.
Магу, магу сухан дурушт!
Магу, ки ошиқӣ гуноҳ!
Маро мухаббати ту кушт,
Манам асири он нигоҳ.
Магу, магу сухан дурушт!
Магу, ки ошиқӣ гуноҳ!
Вале ту они дигари, ту ҷони, ҷони дигари,
Манам хазони ишқи ту, ту гулфишонӣ дигари.
Кунун, ки вой войи ман, магу сухан барои ман.
Кунун, ки вой войи ман, магу сухан барои ман.
Зи бори ғам бимурдаам, худои ман, худои ман.
Маро мухаббати ту кушт,
Манам асири он нигоҳ.
Магу, магу сухан дурушт!
Магу, ки ошиқӣ гуноҳ!
Пасаз ҳазор солаҳо, туро чу дурр бикофтам,
Чу ишқи худ биёфтам, ба суи ту шитофтам.
Маро мухаббати ту кушт,
Манам асири он нигоҳ.
Магу, магу сухан дурушт!
Магу, ки ошиқӣ гуноҳ!
Магу, магу сухан дурушт!
Магу, ки ошиқӣ гуноҳ!